Омодагии Тоҷикистону Русия ба барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ

Мақомоти авиатсионии Русия ба зиёд кардани шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия барои ба ватан бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза дод. Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор дошт, ки акнун ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар як ҳафта 14 парвоз (2-парвозӣ дар як рӯз) анҷом медиҳанд. “Аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ […]

Мақомоти авиатсионии Русия ба зиёд кардани шумори парвозҳои чартерӣ аз Русия барои ба ватан бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза дод.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита изҳор дошт, ки акнун ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар як ҳафта 14 парвоз (2-парвозӣ дар як рӯз) анҷом медиҳанд.

“Аз замони қатъи алоқаи ҳавоӣ 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон (ҳам тариқи нақлиёти заминӣ ва ҳам ҳавоӣ),  аз ҷумла 8 ҳазор нафар аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда, инчунин 207 ҷасади тоҷикистониён ба ватан интиқол дода шуд”, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 27 июл роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки Тоҷикистон ба барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия омода аст.

“Рӯзи дақиқи барқарор шудани он маълум нест. Ин масъала миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор дорад. Росавиатсия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон доир ба омодагӣ ба роҳандозии хатсайрҳои байнулмилалӣ байни ду кишвар дархост фиристод. Дар поух ба номаи Росавиатсия Агентӣ низ омодагии худро ба боз кардани хатсайрҳо изҳор кард”, – хабар дод ба журналистон Субҳонзода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати барқарор шудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳо бо риояи тамоми талаботи санинтарӣ омода аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.