Олимони тоҷик харитаҳои нави хатарнокии сейсмикиро таҳия карданд

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2020 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи 98 мавзӯъ таҳқиқот гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои он 990 кори илмӣ нашр кард. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод. “Муассисаҳои илмии Академия аз рӯйи 98 мавзӯъ  таҳқиқот гузарониданд, аз ҷумла 57 таҳқиқоти заминавӣ, 23 […]

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2020 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи 98 мавзӯъ таҳқиқот гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои он 990 кори илмӣ нашр кард. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод.

“Муассисаҳои илмии Академия аз рӯйи 98 мавзӯъ  таҳқиқот гузарониданд, аз ҷумла 57 таҳқиқоти заминавӣ, 23 таҷрибавӣ ва 18 таҳқиқоти заминави-таҷрибавӣ”, – иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра олимони тоҷик дар самти илмҳои математикӣ таҳқиқот гузаронида, дар як қатор самтҳои математикаи заминавӣ ва таҷрибавӣ натиҷаҳои нав ба даст оварданд.

Дар соҳаи сейсомология (зилзилашиносӣ) олимони мо мониторнинг гузаронида, бо истифода аз технологияи навтарини рақамӣ хатарнокии сейсмикӣ дар кишварро арзёбӣ намуданд, – изҳор дошт Фарҳод Раҳимӣ. – Доир ба сатҳи хатарнокии сейсмикии қаламрави Тоҷикистон харитаҳо таҳия шуданд”.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки тӯли 6 моҳ кормандони Академия 990 кори илмӣ, аз ҷумла 70 китобу монография, маҷмӯа ва китобчаҳо, инчунин 215 мақола нашр карданд.

Олимон ба 5 патент дар Тоҷикистон, инчунин 4 шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии захираҳои иттилоотӣ соҳиб шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.