Швейтсария барои роҳандозии тадбирҳо баҳри пешгирии COVID-19 дар Тоҷикистон $1,1 млн ҷудо кард

Швейтсария аз тариқи Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) 1.1 миллион доллари ИМА ҷудо намуд. Ин маблағ ба хотири амалӣ намудани чораҳои самараноки ҷавобӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати COVID-19 дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Маблағҳо барои дастгирии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ амалӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Швейтсария аз тариқи Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) 1.1 миллион доллари ИМА ҷудо намуд. Ин маблағ ба хотири амалӣ намудани чораҳои самараноки ҷавобӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати COVID-19 дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Маблағҳо барои дастгирии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешаванд, равона шудааст. Дар доираи фаъолияти лоиҳаҳо ба 18,000 нафар шахсони осебпазир, ки бевосита аз таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемияи коронавирус зарар дидаанд, кӯмак расонида мешавад.

Иштирокчиёни лоиҳаҳо дар барқарорсозӣ ё сохтмони иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, каналҳои обёрикунанда, хатҳои обтаъминкунӣ ва ҷангалзорҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон ба ивази корашон кӯмаки пулӣ мегиранд.

“Швейтсария дар самти расонидани кӯмак ба Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди оқибатҳои тиббию иҷтимоии бемории сироятии коронавирус ва беҳтар намудани пойдории ҷомеа бисёр фаъол аст. Ҳалли масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст ҳаётан муҳим ва таъхирнопазир мебошад. Одамон дар ин минтақаҳо аз кам шудани даромадашон азият мекашанд ва аз ин рӯ наметавонанд барои оилаи худ ғизои кофӣ харидорӣ намоянд”, – иброз дошт директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Валбурга Рос. – Ҳарчанд чунин тадбирҳо, ба монанди фосилагирии иҷтимоӣ, шустани дастон ва пӯшидани ниқоб метавонанд сироятшавиро пешгирӣ намоянд, ҳамчунин истеъмоли ғизои кофӣ ва солим иммунитетро баланд менамояд.”

БОҶ ба оилаҳои аз ҷиҳати озуқаворӣ ноамн, махсусан  оилаҳоеро, ки онҳоро занон сарварӣ мекунанд, афзалият медиҳад. Ин оилаҳо аз ҳисоби нархи хӯрокворӣ ва камшавии интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ наметавонанд талаботи асосии ғизоии худро таъмин созанд.

“БОҶ ба Ҳукумати Швейтсария барои масъулиятшиносӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон дар ин давраи ҳассосу вазнин изҳори сипос менамояд”, – изҳор дошт намоянда ва директори БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррейя Мендес. – Ин саҳм ба мо имконият фароҳам меорад, ки ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонем, ҳамзамон маблағи нақдро ба бозорҳои маҳаллӣ ворид созем ва ба тамоми аҳолӣ дар сатҳи маҳал тавассути сохтани иншоот фоида орем.”

Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ шарики дарозмуддати стратегии БОҶ дар самти барномаҳои рушди устувор ба шумор меравад ва аз соли 1993 лоиҳаҳои вобаста ба Тоҷикистонро маблағгузорӣ менамояд. Дар доираи татбиқи "Стратегия оид ба ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2017-2021" ба чаҳор самт: об, инфрасохтор ва тағйирёбии иқлим; тандурустӣ; идоракунӣ, муассисаҳо ва ғайримарказикунонӣ; шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт аҳамияти зарурӣ медиҳад.

БОҶ аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Илова ба барномаҳои ғизоӣ, аз ҷумла ғизои мактабӣ БОҶ дар самти мутобиқсозии таъғйирёбии иқлим ва эҷоди устуворӣ барномаҳоро амалӣ месозад. Соли 2019, БОҶ тақрибан ба 30000 нафар тавассути лоиҳаҳои мустаҳкамкунӣ дар кишвар, кӯмак расонидааст. Ғайр аз он, БОҶ Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикони рушдро барои мустаҳкам намудани иқтидорҳои миллии омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва андешидани чорабиниҳои ҷавобӣ, дастгирӣ менамояд.

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.