Агентии зиддифасод: Ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона дар Тоҷикистон вуҷуд надорад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозаҳои ба фурӯш гузоштани кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва маводи тиббиро рад кард. “Дар Тоҷикистон ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона ба қайд гирифта нашудааст, – хабар дод зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода. – Инчунин ҳеҷ кадоме аз овозаҳо дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозаҳои ба фурӯш гузоштани кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва маводи тиббиро рад кард.

“Дар Тоҷикистон ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона ба қайд гирифта нашудааст, – хабар дод зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода. – Инчунин ҳеҷ кадоме аз овозаҳо дар бораи аз ҷониби табибони тоҷик гирифтани “ҳаққи хизмат” барои муолиҷаи коронавирус тасдиқ нашуд”.

Ба гуфтаи ӯ, хароҷоти ҳамаи маблағҳо, аз ҷумла маблағҳои ҷудошуда аз ҷониби давлат, созмонҳои байнулмилалӣ ва ихтиёриён, ки ба Фониди мубориза бо пандемияи COVID-19 гузаронида мешаванд, зери назорати қатъии ҳукуматдорон қарор доранд.

Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии COVID-19 таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хароҷот ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо дар ин самт қатъӣ назорат мекунанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, ки қаблан бемории илтиҳоби шушро паси сар намуд, низ овозаҳо дар бораи фурӯши кумаки башардӯстонаи ба кишвар воридмешуда, аз ҷумла маводи тиббиро рад карда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар бораи ба куҷо равона гардидани кумаки башардӯстона маълумоти муфассал дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.