Ифтитоҳи озмоишгоҳ дар Хоруғ, ки дар он метавон тести Covid-19 супурд

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмоишгоҳе ба кор даромад, ки дар он метавон тести ташхиси коронавирус супурд. Тавре ба “Азия-Плюс” иҷрокунандаи вазифаи директори Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, озмоишгоҳ имкон дорад, ки дар як рӯз 110 тест қабул кунад. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 6 август озмоишгоҳ дар Хоруғ ба фаъолият шурӯъ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмоишгоҳе ба кор даромад, ки дар он метавон тести ташхиси коронавирус супурд.

Тавре ба “Азия-Плюс” иҷрокунандаи вазифаи директори Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, озмоишгоҳ имкон дорад, ки дар як рӯз 110 тест қабул кунад.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 6 август озмоишгоҳ дар Хоруғ ба фаъолият шурӯъ намуда, дар се ноҳияи дигари ВМКБ низ кушодани боз 3 адад чунин озмоишгоҳҳо пешбинӣ мешавад.

“Намояндагони Вазорати тандурустӣ аз 2 то 7 август дар ВМКБ қарор дошта, рӯзи 6 август дар озмоишгоҳ таҷҳизот насб карданд ва мутахассисон аллакай ба кор оғоз намуданд. Зарфияти озмоишгоҳ ба дар як вақт дар як санҷиш муайян кардани 34 ташхис имкон медиҳад. Ин таҷҳизот дар як рӯз ба се маротиба чунин тест гирифтан қодир аст. Дар натиҷа давоми як шабонарӯз то 100 ташхис гирифтан мумкин аст”, – гуфт Ҷаъфаров.

Зимнан зикр шуд, ки мутахассисони машғули кор дар озмоишгоҳ дар курсҳои даҳрӯза дар Душанбе аз давраи омӯзишӣ гузаштаанд.

“Мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ давраҳои омӯзишӣ гузаронида, чӣ гуна дуруст ташхиси беморӣ гирифтанро омӯзониданд. Айни замон дар қаламрави ВМКБ сатҳи беморӣ поин рафт, лекин озмоишгоҳ барои ин минтақа доимо лозиму зарур аст”, – илова кард номбурда.

Дар Тоҷикистон айни ҳол 11 озмоишгоҳ кор мекунад, ки дар онҳо метавон тести коронавирус супурд. Аз ин миқдор 2 озмоишгоҳ хусусӣ мебошад. Тестҳоро метавон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва акнун минбаъд дар шаҳри Хоруғ низ супурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.