Тоҷикони русиягӣ бо талаби ба Русия бурдани онҳо назди сафорати Русия ҷамъ омаданд

Нимаи имрӯз беш аз 50 нафар назди сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Қариб ҳамаи онҳо тоҷикистониёне мебошанд, ки шаҳрвандии Русияро ҳам доранд. Онҳо талаб доранд, ки аз Тоҷикистон ба Русия бурда шаванд. Аксарияти онҳо бо мақсади парвоз бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Русия қаблан дар сомонаи хизматрасонии давлатӣ худро ба қайд гузоштаанд. Лекин шикоят […]

Нимаи имрӯз беш аз 50 нафар назди сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Қариб ҳамаи онҳо тоҷикистониёне мебошанд, ки шаҳрвандии Русияро ҳам доранд. Онҳо талаб доранд, ки аз Тоҷикистон ба Русия бурда шаванд.

Аксарияти онҳо бо мақсади парвоз бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Русия қаблан дар сомонаи хизматрасонии давлатӣ худро ба қайд гузоштаанд.

Лекин шикоят мекунанд, ки ба ҳеҷ гунае наметавонанд ба ин хатсайрҳо номнавис шаванд. Бисёре аз онҳо аллакай ду моҳ инҷониб навбати худро интизоранд.

Консули Русия дар Тоҷикистон Валерий Катункин назди ҷамъомадагон баромада, хабар дод, ки ба ҳамаи мактубҳои ба сафорат ва консулгарӣ ирсолшуда дар муддати як моҳ посух дода мешавад.

Ӯ қайд кард, ки алҳол алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо барқарор нашудааст ва парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия хеле кам иҷро шуда, ҳамаи шахсони дар сомонаи хизматрасонии давлатӣ сабтшуда бонавбат ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз соати 16:00 дар бинои сафорат бо иштироки консули Русия дар Тоҷикистон брифинг баргузор мешавад.

Маълумоти муфассал дар бораи чӣ гуна номнавис шудан ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия, арзиши билет ва дигар ҷузъиёти ин масъала дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.