Қирғизистон аз Беларус боздошт ва истирдоди сарвазири пешинро талаб кард

Вазорати корҳои хориҷии  Қирғизистон рӯзи 11 август намояндаи сафорати Беларусро дар Бишкек эҳзор кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маркази матбуотии ВКХ, ҷониби Қирғизистон дар ин мулоқот аз намояндаи Беларус талаб кард, дар мазҳари ом ҳозир шудани сарвазири пешини Қирғизистон Дониёр Усеновро шарҳ диҳад, ки дар пайгард қарор дорад. Сарвазири […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати корҳои хориҷии  Қирғизистон рӯзи 11 август намояндаи сафорати Беларусро дар Бишкек эҳзор кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маркази матбуотии ВКХ, ҷониби Қирғизистон дар ин мулоқот аз намояндаи Беларус талаб кард, дар мазҳари ом ҳозир шудани сарвазири пешини Қирғизистон Дониёр Усеновро шарҳ диҳад, ки дар пайгард қарор дорад. Сарвазири пешини Қирғизистон аз сӯи додгоҳи ин кишвар барои содир кардани ҷиноят дар ғайбаш маҳкум ба зиндон шудааст.

"Таваҷҷуҳи дипломати беларус ба он ҷалб шуд, ки чунин иқдомҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба зарба мезананд. ВКХ Қирғизистон нотаи эътирозиро ба ҷониби Беларус таслим ва аз намояндаи ин кишвар талаб кард, ки барои боздошт ва истирдоди сарвазири пешин чораҷӯӣ кунанд", – омадааст дар хабари ВКХ.

Александр Лукашенко, президенти амалкунандаи Беларус рӯзи 10 август ба корхонае рафт, ки ӯро марди монанда ба Дониёр Усенов, сарвазири пешини фирории Қирғизистон ҳамроҳӣ мекард. Усенов баъд аз инқилоби соли 2010 Қирғизистонро тарк кард. Пештар хабар расида буд, ки вай бо ивази ному насаб шаҳрвандии Беларусро дарёфт ва дар он кишвар зиндагӣ ихтиёр кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.