Изҳори назари СҶТ доир ба ваксинаи Русия аз коронавирус

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) бо мақомоти масъул ба соҳаи тандурустии Русия мудом дар тамос буда, меъёрҳои иҷозаи истифодаи ваксинаро баррасӣ мекунад. Тавре Deutsche Welle менависад, намояндаи СҶТ Тарик Язаревич гуфтааст, ҳамаи маълумот доир ба бехатарӣ ва муассирии ваксина бояд бечуну чаро ва дақиқан санҷида шавад. Қаблан Созмон аз Русия даъват карда буд, ки зимни таҳия […]

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) бо мақомоти масъул ба соҳаи тандурустии Русия мудом дар тамос буда, меъёрҳои иҷозаи истифодаи ваксинаро баррасӣ мекунад.

Тавре Deutsche Welle менависад, намояндаи СҶТ Тарик Язаревич гуфтааст, ҳамаи маълумот доир ба бехатарӣ ва муассирии ваксина бояд бечуну чаро ва дақиқан санҷида шавад.

Қаблан Созмон аз Русия даъват карда буд, ки зимни таҳия ва коркари ваксина меъёрҳои муқарраршударо барои истеҳсоли маводи тиббии бехатар ва муассир риоя намояд.

Дар Олмон сабти ваксинаро бе марҳилаи сеюми ҳалкунандаи озмоишҳои клиникӣ санҷиши хатарнок барои одамон номиданд.

Мувофиқи мъёрҳои глобалӣ дар омӯзиш ва санҷиши вактсинае, ки аз ҷониби СҶТ таҳия мешавад, дар марҳилаи сеюм таъсири ваксина дар якчанд ҳазор нафар санҷида мешавад.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11 август дар машварат бо аъзои ҳукумат дар бораи сабти нахустин ваксина аз коронавирус дар ҷаҳон хабар дод.

Ваксина дар Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологии ба ноами Н.Ф.Гамалей коркард шудааст. Дар бораи анҷоми озмоишҳои клиникии он аввали моҳи август хабар дода шуд. Ояндаи наздик ваксина бояд ба муассисаҳои тиббӣ фиристода шавад.

Тибқи маълумоти хабаргузории AFP, айни замон шаш ваксина, ки аз ҷониби ширкатҳои давлатҳои Ғарб ва Чин коркард шудаанд, марҳилаи сеюми озмоишҳоро мегузаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.