Ҳизби аграрӣ анҷумани пешазинтихоботиашро 15 август баргузор мекунад

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), ки дар он номзади ҳизб ба мансаби президентӣ пешбарӣ мегардад, рӯзи 15 август дар Душанбе баргузор мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҳизб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Латифзода хабар дод, ба ҷуз пешбарии номзад, дар анҷуман инчунин барномаи пешазинтихоботии ҳизб баррасӣ мешавад. “Нахуст ният доштем, ки ҳудуди […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), ки дар он номзади ҳизб ба мансаби президентӣ пешбарӣ мегардад, рӯзи 15 август дар Душанбе баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҳизб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Латифзода хабар дод, ба ҷуз пешбарии номзад, дар анҷуман инчунин барномаи пешазинтихоботии ҳизб баррасӣ мешавад.

“Нахуст ният доштем, ки ҳудуди 250 нафар вакилонро ба иштирок дар кори анҷуман даъват кунем, лекин вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус маҷбур кард, ки шумори онҳоро як баробар кам кунем”, – изҳор дошт Латифзода.

Ҳизби аграрии Тоҷикитсон соли 2005 таъсис дода шуда, дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони кишвар соҳиби 7 курсии вакилӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки  аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон айни ҳол аҳзоби зерин санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – рӯзи 3 сентябр, Ҳизби коммунист – 5 сентябр ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 24 август номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.