Дарсҳо 45 дақиқа. Вазорати маориф тартиби дарсхонии хонандагонро шарҳ дод

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон се тавсия оид ба ташкили ҷараёни таҳсил дар мактабҳои кишварро таҳия намуд. Дар тавзеҳоти Вазорат оид ба ин масъала, қайд мешавад, ки аз 17 август машғулиятҳо дар мактабҳо мувофиқи тавсияи 1-ум ҷараён мегиранд. Аз рӯйи ин тавсия, давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 […]

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон се тавсия оид ба ташкили ҷараёни таҳсил дар мактабҳои кишварро таҳия намуд.

Дар тавзеҳоти Вазорат оид ба ин масъала, қайд мешавад, ки аз 17 август машғулиятҳо дар мактабҳо мувофиқи тавсияи 1-ум ҷараён мегиранд.

Аз рӯйи ин тавсия, давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад.

Тибқи ин тавсия, дарсҳо дар мактабҳо дар ду баст гузаронида шуда, машғулиятҳо дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, соати 17:55 ба анҷом мерасад.

Мувофиқи тавсияҳои 2 ва 3-юм, ки алҳол ҷорӣ намешаванд, дарсҳо 50-дақиқагӣ дар се баст ва инчунин 60-дақиқагӣ дар се баст ҷараён мегиранд. Бо кадом мақсад онҳо таҳия шудаанд, дақиқ карда намешавад.

“Аз оғози соли хониш, ки 17 август шурӯъ мешавад, дарсҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи тавсияи 1-ум, яъне меъёри қабулшуда, вале бо риояи қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ гузаронида мешаванд”, – зикр мекунанд дар Вазорати маориф ва илми кишвар.

Дар Вазорат таъкид шуд, ки хонандагон бояд ниқоби муҳофизатӣ пӯшида, бо худ маҳлули антисептикӣ дошта бошанд.

Мувофиқи қарори Вазорати маориф ва илм ва Ситоди ҷумҳуриявӣ, аз 17 август муассисаҳои томактабӣ (кӯдакистонҳо) низ ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.