Оғози кори озмоишгоҳи санҷиши сирояти коронавирус дар Хуҷанд

Озмоишгоҳи ташхиси коронавируси COVID-19 рӯзи 28 май дар заминаи Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии вилояти Суғд ба кор оғоз намуд, ки алҳол ягона дар қаламрави ин минтақа мебошад. Тавре ба “Азия-Плюс” муовини роҳбар оид ба корҳои эпидемиологии Марказ Рустам Собиров хабар дод, озмоишгоҳ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ, ҳукумати вилоят ва USAID боз шуда, шабонарӯзӣ дар […]

Озмоишгоҳи ташхиси коронавируси COVID-19 рӯзи 28 май дар заминаи Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии вилояти Суғд ба кор оғоз намуд, ки алҳол ягона дар қаламрави ин минтақа мебошад.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини роҳбар оид ба корҳои эпидемиологии Марказ Рустам Собиров хабар дод, озмоишгоҳ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ, ҳукумати вилоят ва USAID боз шуда, шабонарӯзӣ дар се баст кор мекунад ва таҷҳизоти муосири он ба баргузории 34 ташхиси коронавирус имкон дода, дар як шабонарӯз 22 маводи биологии шахсоне, ки дар бемористону дармонгоҳҳои вилоят аз тест гузаштаанд, қабул мешавад.

“Нуҳ нафар мутахассисони тиббии соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ, ки қаблан аз ВНМО, бемори сил ва гепатит ташхис мегирифтанд, дар пойтахт аз давраи омӯзишии махсуси панҷрӯза гузашта, барои машваратҳои иловагӣ имрӯз мутахассисон аз озмоишгоҳи ҷумҳуриявии вирусологӣ низ меоянд”, – қайд кард Собиров.

Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои тест дар муддати ду рӯз маълум шуда, ба хато роҳ додан ё омехта (алиш) кардани онҳо ғайримкон аст, зеро ба ҳар кадоме аз маводи биологӣ навиштаҷот бо ҳама маълумот дар бораи шахси тестдода часпонида шудааст.

Зимнан зикр шуд, ки дигар кормандони тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ барои омӯзиш ба ин марказ ҷалб карда мешаванд.

“Аз 28 май ошёнаи дуюми марказ комилан ҷудо шуда, кормандон бидуни тарки озмоишгоҳ 14 рӯз кор мекунанд ва сипас ба муддати 2 ҳафта ба карантин гирифта шуда, ба ҷойи онҳо гурӯҳи нави табибон ба кор шурӯъ мекунанд, – мегӯяд Собиров. – Кормандони озмоишгоҳ бо тамоми шароити зист, истироҳат ва ғизо таъминанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.