Президенти мамлакат дар ноҳияи Данғара қарор дорад

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 май ба ноҳияи Данғара ташриф овард. Дар зодгоҳи худ сарвари давлат бинои нави суди ноҳияро ба истифода дода, ба корҳои сохтмони бинои дафтари кории маҳаллии шуъбаи ҲХДТ ҳусни оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 май ба ноҳияи Данғара ташриф овард. Дар зодгоҳи худ сарвари давлат бинои нави суди ноҳияро ба истифода дода, ба корҳои сохтмони бинои дафтари кории маҳаллии шуъбаи ҲХДТ ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшид. Дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзишӣ – методӣ, китобхона, меҳмонхона ва ошхона таъсис дода мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои панҷошёнаи дафтари кории шуъбаи ҲХДТ дар ноҳияи Данғура моҳи сентябри соли 2021 дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти мамлакат аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара боздид ба амал овард.

Қобили зикр аст, ки дирӯз дар шаҳри Бохтар низ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуданд.

Сафари кории худро ба вилояти Хатлон Сарвари давлат рӯзи 28 май аз ноҳияи Ҷайҳун оғоз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.