Соли 2023 аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10 млн нафар мерасад

Шумори аҳолии Тоҷикистон дар соли 2023 ба 10 млн 129 ҳазор нафар мерасад. Дар ин бора дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, ки моҳи июл аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шуд, хабар дода мешавад. Гуфта мешавад, аввали соли равон шумори аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 9 млн 452 ҳазор нафарро ташкил медод. То аввали […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори аҳолии Тоҷикистон дар соли 2023 ба 10 млн 129 ҳазор нафар мерасад. Дар ин бора дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, ки моҳи июл аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шуд, хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, аввали соли равон шумори аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 9 млн 452 ҳазор нафарро ташкил медод. То аввали соли оянда шумори доимии аҳолӣ ба 9 млн 688 ҳазор кас хоҳад расид. Афзоиши шумор ба 2,5% баробар мешавад.

Соли 2022 дар ҷумҳурӣ аллакай 9 млн 931 ҳазор ва соли 2023 – 10 млн 129 ҳазор кас зиндагӣ хоҳад кард.

Дар муқоиса бо соли 2018 соли гузашта сатҳи афзоиши шумори аҳолӣ 2,2%-ро ташкил дод.

Шумори нисбатан зиёдтари аҳолии кишвар – 3 млн 328 ҳазор нафар дар вилояти Хатлон ба сар мебаранд.

Ба ҳолати 1 октябри соли гузашта теъдоди аҳолии вилояти Суғд – 2 млн 690 ҳазор, Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн 156 ҳазор, шаҳри Душанбе – 855 ҳазор ва ВМКБ – 228 ҳазор нафарро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки нимаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ маъракаи навбатии бақайдгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Ин маърака дар Тоҷикистон бори охир соли 2010 доир гардида буд.

Ба ҳолати аввали тирамоҳи соли 2010 дар ҷумҳурӣ 7 млн 565 ҳазор нафар аҳолӣ сабт шуда буд, ки 1 млн 438 нафар зиёдтар нисбат ба соли 2000-ум аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.