Чӣ хел “фейкӣ” будан ё набудани видеоро метавон санҷид?

Мувофиқи омор дар YouTube давоми як дақиқа 500 соат видео пахш мешавад, ҳамчунин дар дигар сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар дақиқа ҳазорҳо видео пахш мешаванд. Бисёр вақт видеоҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бурида, ё аз видеоҳои гуногун сохта пахш мекунанд, ё видеои дигарро ба мавзӯъ ё ҳодисаи дигар истифода мебаранд. Албатта барои донистани он, ки видео “фейк” […]

"Се нуқта"

Мувофиқи омор дар YouTube давоми як дақиқа 500 соат видео пахш мешавад, ҳамчунин дар дигар сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар дақиқа ҳазорҳо видео пахш мешаванд.

Бисёр вақт видеоҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бурида, ё аз видеоҳои гуногун сохта пахш мекунанд, ё видеои дигарро ба мавзӯъ ё ҳодисаи дигар истифода мебаранд. Албатта барои донистани он, ки видео “фейк” аст ё ҳақиқат, шумо бояд нусхаи аслии онро пайдо кунед. 

Тасмим гирифтем, чанд роҳи осони тафтиши видеоро дар интернет ба шумо пешкаш намоем ва маслиҳатҳо диҳем.

1.         Албатта пеш аз ҳама видеои шубҳанокро бодиққат тамошо кунед ва кӯшиш кунед норасоию камбудиҳои онро бинеду қисматҳои сохтаашро шиносед.

2.         Сарчашмаро санҷед. На ба ҳар сарчашма ё корбари интернет метавон бовар кард. Аз ин сабаб кӯшш кунед иттилоот ва видеоро аз сарчашмаҳои боэътимод дастрас кунед.

3.         Ҳамеша кӯшиш кунед ҳамон видео ё видеои дигареро вобаста ба он мавзӯъ, ҳодиса ё офати табиӣ аз сарчашмаҳои дигар ёбед. Барои ин кофӣ аст сарлавҳа ва калидвожаҳои видеоро дар сомонаи ҷустории Google кобед.

4.         Тафтиши макони ҳодиса ё воқеа. Агар видеои аслӣ ё видеои дигареро вобаста ба ин мавзӯъ пайдо накардед, метавонед дар бораи ин ҳодиса иттилооту хабарҳоро дар шакли матн ё сурат ҷустуҷӯ кунед.

5.         Миниатура ё акси аз видео гирифташударо дар қисмати кофтукови сурати сомонаи ҷустории Google (Google картинки) кобед. Бисёр вақт аз рӯйи ин аксҳо низ шумо метавонед видео аслӣ ё ба он монандро дарёбед.

6.         Шумо ҳамчунин метавонед аз барномаҳои гуногун истифода баред, то дурустии видеоро санҷед, масалан Youtube DataViewer.

Ин барнома ба таври онлайн дастрас аст, кофист ин сомонаро боз кунед ва ишора (линк)-и видеои мавриди тафтишро дар саҳифаи ҷустории сомона гузоред ва ҷустуҷӯро пахш кунед. Ин барнома ба шумо санаи ва вақти аввалини нашри видео ва ҳамчунин нусхаҳои гуногуни онро пешкаш мекунад. Шумо бо дидани навори аслӣ ё санаи аслии чопи видео метавонед хулоса бароред, ки ин видео то куҷо ҳақиқат дорад.

Ҳамчунин ин барнома видеои шуморо ба чанд қисм дар шакли сурат тақсим мекунад, ки метавонед дар қисмати кофтукови сурати сомонаи ҷустории Google кобед. Барои ин кофӣ аст болои сурат ё тасвир тугмаи рости мушакро пахш карда аз замимаи "ҷустуҷӯйи ин тасвир" ("найти это изображение") истифода баред. Ин танҳо дар браузери Chrome дастрас аст, дар дигар браузерҳо бояд саҳифаи кофтукови сурати сомонаи ҷустории Google ё Яндексро кушода ишораи сурат (линк) ё онро аз компютератон боргирӣ кунед.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.