Даргузашти роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониён дар Самара

Раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониён “Пайванд-Единство” Даврон Юсуфов дар шаҳри Самараи Русия аз олам даргузашт. “Губернатори вилояти Самара Дмитрий Азаров ба наздикону пайвандон ва ҳамкорони ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, қайд кард, ки намояндаи барҷастаи халқи тоҷик Даврон Юсуфбекович барои таъмини сулҳу субот ва ризоият байни миллатҳо дар қаламрави минтақа кӯшиши зиёд ба харҷ медод”, – […]

Asia-Plus

Раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониён “Пайванд-Единство” Даврон Юсуфов дар шаҳри Самараи Русия аз олам даргузашт.

“Губернатори вилояти Самара Дмитрий Азаров ба наздикону пайвандон ва ҳамкорони ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, қайд кард, ки намояндаи барҷастаи халқи тоҷик Даврон Юсуфбекович барои таъмини сулҳу субот ва ризоият байни миллатҳо дар қаламрави минтақа кӯшиши зиёд ба харҷ медод”, – хабар дода мешавад дар сомонаи ҳукумати вилояти Самара.

Роҳбари вилоят изҳор доштааст, ки Даврон Юсуфов муддати беш аз 20 сол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии шаҳру вилоят фаъолона иштирок мекард.

“Ӯ барои баргузории чорабиниҳои миллӣ, ҷашнвораҳои варзишӣ талош варзида, ба ҳамватанони худ дар ҳимоя аз ҳуқуқҳои қонунии худ, дастрасии муҳоҷирони корӣ ба ёрии ҳуқуқӣ кумак мекард, – таъкид доштааст Азаров. – Бо донишу таҷрибаи ғании ҳаётӣ, мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ, неруи созанда ва қобилияти ташкилотчигӣ ӯ байни ҳамкорону ҳаммаслакон ва намояндагони ташкилотҳои миллии минтақа соҳиби обрӯву эҳтиром ва нуфуз  буд”.

“Барои вилояти мо ин талафоти бузург аст. Хотираи неки Даврон Юсуфбекович ҳамеша дар қалбҳои мо боқӣ хоҳад монд”, – илова кардааст Азаров.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.