Мастии духтари 22-сола ба ҳабси ҷавонписар боис гардид

Духтари 22-сола бинобар дар ҳолати мастӣ қарор доштан ва муноқиша намудан бо ҷавонписар дар пойтахт, аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва ҷарима шуда, ҷавон ба ҳабс гирифта шудааст. Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми августи соли ҷорӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардидааст, ки дар он кашолакунон бурдани ҷавондухтар аз ҷониби ҷавонписар, ки […]

Духтари 22-сола бинобар дар ҳолати мастӣ қарор доштан ва муноқиша намудан бо ҷавонписар дар пойтахт, аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва ҷарима шуда, ҷавон ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми августи соли ҷорӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардидааст, ки дар он кашолакунон бурдани ҷавондухтар аз ҷониби ҷавонписар, ки дар ҳолати беҳушӣ дар канори роҳ хобида буд, инъикос ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки ҷавони дар навор инъикосёфта Умед Боеви 26-сола сокини пойтахт ва Фотима Дӯстоваи 22-сола аз сокини шаҳри Ваҳдат боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас гардиданд.

Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидону дастгиршудагон муайян карда шуд, ки ин ду нафар бо ҳам робита ва ошноӣ дошта, қаблан низ миёнашон нофаҳмиҳои лафзӣ ва муноқиша вучуд доштааст. Аз ҷумла, дар навори инъикосёфта шаҳрванд Фотима Дустова аз сабаби нӯшидани машруботи аз ҳад зиёд дар ҳолати сахти мастӣ қарор дошта, ҳангоми ҳаракат ба замин афтодааст. Бо ин сабаб дастгиршуда Умед Боев ба ғазаб омада, ҷавондухтарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва ӯро мавриди лату кӯб қарор додаст.

Бо қарори суд Умед Боев ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, ба Фотима Дӯстова ҷаримаи маъмурӣ таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.