Рухсатии маҷбурии наздики 10 ҳазор кас дар Тоҷикистон

Нимсолаи аввал беш аз 9,4 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бо ташаббуси корфармоҳо дар рухсатии маҷбурӣ қарор доштанд. Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, 7,8 ҳазор нафари онҳо ба рухстии бемузд фиристода шуда, 200 нафар дар реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра фаъолият доштанд. Сатҳи бекорӣ бо назардошти бекории пасипардагӣ аз ҷониби […]

Нимсолаи аввал беш аз 9,4 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бо ташаббуси корфармоҳо дар рухсатии маҷбурӣ қарор доштанд.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, 7,8 ҳазор нафари онҳо ба рухстии бемузд фиристода шуда, 200 нафар дар реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра фаъолият доштанд.

Сатҳи бекорӣ бо назардошти бекории пасипардагӣ аз ҷониби Агентии омор 2,5% аз шумори умумии қувваи корӣ арзёбӣ мешавад.

Бекории пасипардагӣ шуғли нопуррае мебошад, ки бар асари бозмондани истеҳсолот қисме аз кормандон дар рухсатии маҷбурӣ қарор доранд ё бо реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра фаъолият мекунанд.

Қувваи корӣ (шуғлдошта ва бекорони расман сабтшуда) тибқи арзёбии пешакии Агентӣ 2 млн 445 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Зиёда аз 2 млн 394 ҳазор нафари онҳо (97,9%) дар соҳаи иқтисод машғули кор буда, 51,5 ҳазор кас расман мақоми бекор доранд, ки ба 2,1% аз шумори умумии қувваи корӣ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омор, шумори аҳолии Тоҷикистон ба аввали нимсолаи соли ҷорӣ 9 млн 392 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи баъзе маълумоти расман тасдиқношуда, беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ, асосан дар Русия қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.