Лату кӯби то марги ҷавони 24-сола дар Душанбе

Милитсияи пойтахт сокинони 19 ва 20-солаи шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ боздошт намуд. Ин ҳодиса дар кӯчаи ба номи Ҷалили пойтахт рух дод. “Гумонбаршудагон марди 24-соларо лату кӯб кардаанд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористон ҳалок шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон. Дар […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Милитсияи пойтахт сокинони 19 ва 20-солаи шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ боздошт намуд. Ин ҳодиса дар кӯчаи ба номи Ҷалили пойтахт рух дод.

“Гумонбаршудагон марди 24-соларо лату кӯб кардаанд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористон ҳалок шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Дар хадамоти матбуоти ВКД ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки аз ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода наметавонанд. Зикр шуд, ки ҳодисаро прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур тафтиш мекунад, лекин дар ин ҷо ҳам аз ифшои ҷузъиёти ҷинояти содиргардида худддорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба дӯстону хешовандони ҳалокшуда иттилоъ медиҳад, ки ҷасади марҳус Баҳром Яъқубовро рӯзи 19-уми август ба хок супурдаанд.

“Ӯро баъд аз нисфирӯзии 18-уми август дар наздикии хонаашон як гурӯҳи ҷавонон задаанд, – менависад Радиои Озодӣ. – Баъзе аз шоҳидон гуфтанд, ҳамлаварон чаҳор нафар буданд”.

Мирмаҳмад Додов, яке дӯстони Баҳром Яъқубов гуфтааст: "Онҳое, ки ӯро задаанд, якдигарро мешинохтанд. Дар гузашта дар байнашон муноқишае нашуда буд. Ҳар рӯз якдигарро медиданд, бачаҳои хуб буданд. Шояд ягон нофаҳмӣ шудааст".

“Мо танҳо хостори баррасии мунсифонаи парвандаи марги ӯ ҳастем”, – изҳор доштаанд наздикони Баҳром Яъқубов

Зикр мегардад, ки Баҳром Яъқубов, писари ягонаи хонадон ва соҳиби маълумоти олӣ буда, ният доштааст, ба наздикӣ оила барпо кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.