Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ронандае, ки мошинаш дар ноҳияи Ҷомӣ чаппа шуд

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба ронандаи автомашинаи боркаш, ки ба чуқурӣ чаппа шуда, бар асари он 4 кас ҳалоку 8 тан бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон хабар дод, парванда нисбати ронандаи автомашинаи боркаши “ЗИЛ-ММЗ-554” Асҳобиддин Раҷабзода мутобиқи моддаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба ронандаи автомашинаи боркаш, ки ба чуқурӣ чаппа шуда, бар асари он 4 кас ҳалоку 8 тан бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон хабар дод, парванда нисбати ронандаи автомашинаи боркаши “ЗИЛ-ММЗ-554” Асҳобиддин Раҷабзода мутобиқи моддаи 212, қисми 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 17 август  ронандаи ин автомашина ҳангоми ҳаракат аз самти оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, дар гардиши роҳи мошингарди “Навдӣ-Бӯстон” дар ноҳияи Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 16-метр чаппа шуд.

Дар вақти рух додани ҳодисаи садамаи нақлиёт 12 нафар дар автомашина қарор доштаанд, ки аз маросими ҷаноза бармегаштанд.

Бар асари ин ҳодиса Амриддин Ёқубзодаи 17-сола, Шамсиддин Абдуалимови 19-сола, Расулҷон Нуриддинови 37-сола ва Содиқ Каримови 47-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Боз 8 нафари дигар осебдида дар бемористон бистарианд ва таҳқиқот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.