ВКД аз ҳалокати 4 кас дар садамаи нақлиёт дар ноҳияи Ҷомӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷузъиёти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки субҳи рӯзи 17 август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рух дод, маълумот дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554”, Раҷабзода Асҳобиддин Муртазои 24-сола ҳангоми ҳаракат аз самти оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, дар гардиши роҳи мошингарди “Навдӣ-Бӯстон” аз уҳдаи идораи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷузъиёти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки субҳи рӯзи 17 август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рух дод, маълумот дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554”, Раҷабзода Асҳобиддин Муртазои 24-сола ҳангоми ҳаракат аз самти оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, дар гардиши роҳи мошингарди “Навдӣ-Бӯстон” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 16-метр чаппа шудааст.

Дар вақти рух додани ҳодисаи садамаи нақлиёт 12 нафар дар автомашина қарор доштаанд, ки аз маросими ҷаноза бармегаштанд.

"Бар асари ин ҳодиса Амриддин Ёқубзодаи 17-сола, Шамсиддин Абдуалимови 19-сола, Расулҷон Нуриддинови 37-сола ва Содиқ Каримови 47-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд”, – омадааст дар хабар.

Боз 8 нафари дигар осебдида дар бемористон бистарианд ва таҳқиқот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.