Футзал: “Сипар” тими “Соро компания”-ро шикаст дода, пешсафи ягонаи ҷадвал шуд

Марҳилаи дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз шуд. Дар бозии марказии даври шашум дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и Душанбе ғолиб омад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дидори дастаҳо 19 август дар толори варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе доир шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи хуҷандиҳо анҷом ёфт. […]

Марҳилаи дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз шуд. Дар бозии марказии даври шашум дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и Душанбе ғолиб омад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дидори дастаҳо 19 август дар толори варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе доир шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи хуҷандиҳо анҷом ёфт.

Гуфта мешавад, дар бозии дигар “Истаравшан” дар шаҳри Турсунзода бар тими маҳаллии “Самандар” бо ҳисоби 16:8 пирӯз шуда, дар бозии ҷамъбастии давр “Муҳоҷир” тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 12:3 мағлуб намуд.

Ба ин тариқ, пас аз гузашти шаш давр, дар ҷадвали чемпионат “Сипар”-и Хуҷанд бо 16 хол пешсафи ягона шуд. “Соро компания” бо 13 хол дар ҷои дуюм аст. “Муҳоҷир”, ки 12 хол дорад, ҷои сеюмро ишғол намудааст.

Зикр мегардад, ки бозиҳои даври ҳафтуми лигаи касбии футзали Тоҷикистон 22 август баргузор мешавад. «Сипар» бо «Самандар», «Истаравшан» бо «Муҳоҷир», «Равшан» бо «Соро компания» бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.