Анҷоми парвози чартерӣ байни Тоҷикистону Беларус аз ду самт

Парвози чартерӣ бо самти Душанбе – Минск барои ба ҷойи таҳсил дар Беларус ва Украина расонидани донишҷӯёни тоҷикистонӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазорат аз донишҷӯёни тоҷикистонии машғули таҳсил дар Беларус ва Украина дархост мекунад, ки зимни нақшаи сафар ба ин кишварҳо талаботи санитарӣ-эпидемиологии аз ҷониби ин кишварҳо […]

Asia-Plus

Парвози чартерӣ бо самти Душанбе – Минск барои ба ҷойи таҳсил дар Беларус ва Украина расонидани донишҷӯёни тоҷикистонӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Вазорат аз донишҷӯёни тоҷикистонии машғули таҳсил дар Беларус ва Украина дархост мекунад, ки зимни нақшаи сафар ба ин кишварҳо талаботи санитарӣ-эпидемиологии аз ҷониби ин кишварҳо тақозомешударо ба инобат гиранд.

Гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва Украина ҷиҳати мусоидати зарурӣ ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини  транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина омодаанд.

“Барои дастрас намудани билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайри Душанбе – Минск шаҳрвандон метавонанд бевосита ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муроҷиат кунанд”, – қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, бо парвози чартерии самти Минск – Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус ва Украина қарор доранд, ба ватан баргардонида мешаванд. Барои номнавис шудан ба парвозҳои чартерӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Минск ва Украина муроҷиат кардан зарур аст.

Қобили зикр аст, ки ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи надоштани сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки ташхисаш на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) то омадан гирифта шуда бошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола пешниҳоди маълумотнома зарурат надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.