Ҳунарманди маъруф Муҳаммадҷон Шодиев ба гумони гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шуд

Date:

Ҳунарманди маъруфи театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев ба гумони гирифторӣ ба коронавирус дар Беморхонаи кӯдаконаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз Вазорати тандурустӣ хабар дод.

“Айни замон вазъи солимии ӯ вазнин аст. Ӯ се рӯз пеш дар беморхона бистарӣ шуд. Пештар дар хонааш муолиҷа гирифта, лекин вақте ки вазъаш бад мешавад, наздиконаш бе беморхона оварданд”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, духтурон рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи солимии ҳунармандро аз эҳтимол дур надониста, ба шифои ӯ дар фурсатҳои наздик умедворанд.

Муҳаммадҷон Шодиев дар бисёр кинофилмҳои тоҷикӣ ва беш аз 50 спектаклҳои театр нақш офаридааст. Ӯ зиёда аз 40 сол инҷониб дар соҳаи театру кино фаъолият мекунад. Ҳозир дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода ба омӯзгорӣ низ машғул аст.

Соли 2005 ба унвони “Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон” сазовор дониста шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...