Ифтитоҳи филиали “Почтаи аср” дар шаҳри Хуҷанд

Филиали нав бо дархостҳои сершумори тоҷикистониён боз шуда, ирсоли баста (посилка) ва дигар ҳама гуна навъҳои бору маҳсулотро ба тамоми шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон таъмин мекунад. “Филиали нави мо дар Хуҷанд пурра ирсол ва расонидани баста ва бору маҳсулотро дар минтақаи шимоли кишвар таъмин мекунад, – қайд карданд дар раҳбарияти хадамоти почта. – Бору […]

Филиали нав бо дархостҳои сершумори тоҷикистониён боз шуда, ирсоли баста (посилка) ва дигар ҳама гуна навъҳои бору маҳсулотро ба тамоми шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон таъмин мекунад.

“Филиали нави мо дар Хуҷанд пурра ирсол ва расонидани баста ва бору маҳсулотро дар минтақаи шимоли кишвар таъмин мекунад, – қайд карданд дар раҳбарияти хадамоти почта. – Бору маҳсулот ба ноҳияҳои марказӣ ва қишлоқу ҷамоатҳои дурдаст расонида мешавад. Минбаъд дар дигар шаҳру навоҳии бузург низ филиалҳои худро кушоданием”.

Қабул ва расонидани бор дар ду шакл бо кафолати баланди нигаҳдории баста – ирсоли маъмулӣ (то 7 рӯз) ва ирсоли фармоишӣ (1-2 рӯз) анҷом дода мешавад. Вазифаи расониданро “Почтаи аср” бо ёрии тарзи муносибати инфиродӣ ба ҳар як фармоишгар ва риояи дақиқи муҳлатҳои расонидан амалӣ месозад.

“Мо барои мизоҷон, намояндагони тиҷорати бузург ва хурду миёна, инчунин шахсони воқеӣ шарики боэътимод шуданием. Яъне барои ирсолу расонидани бору маҳсулот бо вазни аз 10 то 3000 кило натанҳо дар вилояти Суғд, балки ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ имкон дорем”, – гуфтанд дар раҳбарияти хадамот.

Яке аз афзалиятҳои асосии «Почтаи Аср»  муносибати эҳтиёткорона ба бастаи шумо мебошад: бору маҳсулот ба бастаи махусус печонида мешавад, ки барои маълум шудани ғайриқонунӣ кушодани он лентаи махсус дорад.

Бартарияти дигар дар он ифода меёбад, ки пас аз иҷрои фармоиш ҳар як мизоҷ барои шакли барои худаш писанд, аз ҷумла бо паёмак (смс) ё тариқи почтаи электронӣ аз он огоҳ карда мешавад.

Барои дарёфти маълумоти муфассал метавон ба телефони рақами – 770 занг зад ё ба сомонаи www.apost.tj ворид шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.