Ҳунарманди маъруф Муҳаммадҷон Шодиев ба гумони гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шуд

Ҳунарманди маъруфи театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев ба гумони гирифторӣ ба коронавирус дар Беморхонаи кӯдаконаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз Вазорати тандурустӣ хабар дод. “Айни замон вазъи солимии ӯ вазнин аст. Ӯ се рӯз пеш дар беморхона бистарӣ шуд. Пештар дар хонааш муолиҷа […]

Ҳунарманди маъруфи театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев ба гумони гирифторӣ ба коронавирус дар Беморхонаи кӯдаконаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз Вазорати тандурустӣ хабар дод.

“Айни замон вазъи солимии ӯ вазнин аст. Ӯ се рӯз пеш дар беморхона бистарӣ шуд. Пештар дар хонааш муолиҷа гирифта, лекин вақте ки вазъаш бад мешавад, наздиконаш бе беморхона оварданд”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, духтурон рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи солимии ҳунармандро аз эҳтимол дур надониста, ба шифои ӯ дар фурсатҳои наздик умедворанд.

Муҳаммадҷон Шодиев дар бисёр кинофилмҳои тоҷикӣ ва беш аз 50 спектаклҳои театр нақш офаридааст. Ӯ зиёда аз 40 сол инҷониб дар соҳаи театру кино фаъолият мекунад. Ҳозир дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода ба омӯзгорӣ низ машғул аст.

Соли 2005 ба унвони “Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон” сазовор дониста шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.