Муовини нави вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кист?

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон зери имзои раиси ҳукумат, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Саидзода аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод шуда, ба ҷойи ӯ акнун собиқ сардори Воҳиди махсуси ВКД-и кишвар Бароталӣ Ҳамидзода ба ин мансаб таъин шуд. Бароталӣ Ҳамидзода 11 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ аст. Аз соли 1989 дар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон зери имзои раиси ҳукумат, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Саидзода аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод шуда, ба ҷойи ӯ акнун собиқ сардори Воҳиди махсуси ВКД-и кишвар Бароталӣ Ҳамидзода ба ин мансаб таъин шуд.

Бароталӣ Ҳамидзода 11 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ аст. Аз соли 1989 дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ хизмат мекунад.

Фаъолияти хизматиашро ба сифати нозири ҳаракат дар роҳи БДА оғоз намуда, ба сифати роҳбари шуъбаи Хадамоти посбонии роҳи ШБДА, сардори шуъбаи Нозироти техникӣ ва сардори баталёни махсуси Хадамоти посбонии роҳи ШБДА кор кардааст.

Ҳамчунин ба ҳайси муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ, муовини сардори РБДА ВКД, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Тоҷикитсон фаъолият дошт. Дорои рутбаи генерал-майори милитсия аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.