Зокирзода: “Барои ҳамкории судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамаи шароитҳо фароҳаманд”

Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

Маҳмадтоир Зокирзода аз иқдомоти накӯи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ кард.

“Мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд”, – таъкид кард ӯ.

Зикр шуд, ки барои мкишварҳо имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии кишварҳоямон ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам оварда шудааст.

“Итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт”, – изҳор дошт Маҳмадтоир Зокирзода.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи баӣнипарлумониро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иштирок кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.