Алимуҳаммад Муродӣ: Шоирон ба талбандагӣ рӯй овардаанд

Алимуҳаммад Муродӣ, ки имсол, дар синни 75-солагӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро соҳиб шуд, дар як мусоҳиба бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки чӣ гуна ин унвонро соҳиб шуд. Муродӣ, ки ин шабу рӯзҳо яке аз шоирони тавонои тасвиргаро дар адабиёти имрӯзи Тоҷикистон дониста мешавад, ҳамчунин  дар ин гуфтугӯ аз мушкилоти дигари зиндагиву эҷодаш низ қисса кард. […]

Билоли Шамс, Asia-Plus

Алимуҳаммад Муродӣ, ки имсол, дар синни 75-солагӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро соҳиб шуд, дар як мусоҳиба бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки чӣ гуна ин унвонро соҳиб шуд. Муродӣ, ки ин шабу рӯзҳо яке аз шоирони тавонои тасвиргаро дар адабиёти имрӯзи Тоҷикистон дониста мешавад, ҳамчунин  дар ин гуфтугӯ аз мушкилоти дигари зиндагиву эҷодаш низ қисса кард. Алимуҳаммад Муродӣ бо фарқ аз шоирони дигаре, ки ин унвонро соҳиб шудаанду дар шаҳрҳои марказии кишвар зиндагӣ мекунанд, дар деҳа, ноҳияи Ҳамадонӣ умр ба сар мебарад ва шуҳрати чашмгире дар миёни дӯстдорони шеъри ноб дорад.

– Устод, унвонро бароятон табрик мегӯйем ва суҳбатро ҳам аз ин оғоз мекунем, ки шуморо барои унвон кӣ пешниҳод кард?

– Ташаккур. Барои соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шудан, ба ман аввал ҳукумати ноҳия, баъдан раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гуфтанд, ки шумо ба ин унвон арзандаед ва пешниҳод карданд. Хушбахтона ин пешниҳод аз ҷониби сардори давлат пуштибонӣ карда шуд. Ман 75 сола шудам, шеърҳоям аз солҳои 70 – и асри гузашта дар матбуоти даврӣ чоп мешаванд. Солҳои зиёд дар соҳаи адабиёт заҳмат кашидем ва хизмати андаке, ки кардем шояд ҳукумат  ҳамаи инҳоро ба назар гирифт,  пешниҳод кард ва лоиқ донист. Барои қадрдонӣ минатдорам. Шоири халқии Тоҷикистон унвони баланде аст. Ман дар мусоҳибае бо хабарнигорони ТВ гуфтам, Худо кунад, ки ба ин унвон биарзам.   

– Бо фарқ аз шоирони дигар шумо зиндагӣ дар деҳаро ихтиёр кардед. Маълум аст, рӯзгор дар деҳ сахтар мегузарад. Аз чӣ ҳисобе рӯзгорро таъмин мекунед?

– Танҳо бо нафақа зиндагӣ дорам.

– Чӣ миқдор нафақапулӣ мегиред?

– 450 сомонӣ. Писари хурдиям 18-сола шуд ва имсол боз 80 сомонии дагарашро, ки ёрдампулии ӯ буд, кам мекунанд.

– Бо ин миқдор даромад мешавад рӯзгорро пеш бурд?

– Унвони Шоири халқӣ 50 доллар унвонпулӣ дорад, ки чизе бештар аз 500 сомонӣ мешавад. Худо насиб карда бошад, минбаъд инро ҳам мегирам. Писари бузургам дар риштаи меъморӣ таҳсил мекунад, ки таҳсилаш шартномавист ва мо маҷбурем пули шартномаро саривақт супорем. Шукри худо бародарам каму беш ёрӣ мекунад. Ихлосмандон ҳам ҳастанд, ки онҳо низ ёрдам мекунанд. Ҳамчунин аз замини бародарам ҳам каме даромад мебинам.

– Дар мавриди чопи китобҳо вазъ чӣ тур аст? Китобҳои шумо нашр мешаванд?

– Дар Шӯравӣ нашриётҳо ба нақша мегирифтанд, баъдан китоб чоп мекарданд, боз ба  муаллиф ҳаққи қалам ҳам медоданд. Имрӯз ин чиз нест. Ғайр аз ин як китобро агар чоп кардан хоҳӣ, маҷбур ҳастӣ пеши чандин кас биравӣ, то ки маблағгузоре биёбиву китобатро сарпарастӣ кунад. Хоҳӣ нахоҳӣ ин ҳам шоирро муҳтоҷи як пулдору як нафар вазифадор мекунад. Ман, имрӯз мехоҳам шоироне, ки дар ҳақиқат шеърашон баланд аст, мардум аз шеъри онҳо огаҳ аст, бояд бе мамониат китобҳояшон чоп карда шаванд. Аз касе вобаста набошанду китобҳояшон чоп шавад ва ҳақи қалами дуруст ҳам бигиранду зиндагишонро беҳтар пеш баранд. Дар хориҷ ин гуна аст, шоир меравад бо нашриёт шартнома мебандад, нашриёт  чандин ҳазор китоб чоп мекунад, баъзан пулашро пешакӣ медиҳанд, дар мо ин кор нест. Адиб пеш аз китобро тайёр кардан, аввал як сарпарасте мекобад, то ки онро чоп кунад. Шоирон ба талбандагӣ рӯ овардаанд, аз ҳамин ҷиҳат, ки зиндагиашонро ташкил карда наметавонанд, китобҳояшонро ҳам чоп намекунанд.

Диданд, ки намешавад  мераванд ягон вазифадору мансабдорро ситойиш мекунанду дар борааш менависанд. Ҳол он ки ӯ ба ҳеҷ чиз намеарзад. Пеши ин гуна одами пулдор муҳтоҷ мешаванд. Бояд ин чизҳо набошад, бояд адабиёт аз тарафи давлат пуштибонӣ карда шавад. Имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки чӣ тавр сарвари давлат адибону аҳли илмро дастгирӣ мекунанд. Бояд ин кор дар ҳама сатҳҳо бошад.

– Шеърҳои шуморо, ки сарояндаҳо мехонанд барои ин ҳақмузде мегиред?

– Бо ҳеч ҳунарманде шартномаву ҳамкорӣ надорам.Онҳое, ки шеърҳои маро мехонанд худашон баргузидаву оҳанг мебанданд. Баъзе шоироне ҳастанд, ки бо санъаткорон ҳамкорӣ мекунанд ва маблағи муайяне барои ҳамкорӣ мегиранд, ман ин корҳоро намекунам ва намедонам.

– Таваҷҷуҳи раҳбарон ба нашр китобҳои Шумо чӣ гуна аст?

– Имрӯз ба шеъру шоир, ба илму фарҳанг таваҷҷӯҳи сарвари давлат ва роҳбарони зинаҳои поёнӣ ҳаст. Ҳозир барои чопи китобҳо маблағ ҷудо кардаанд. Ман пешниҳод накардаам, аммо як китобам бо сарпарастии ҳукумати ноҳия бояд нашр шавад. “Шафақи шом” ном дорад. Китоби дигаре ҳам навиштаам, наср. Инро ба ҳукумат пешниҳод мекунам, ки аз ҳисоби  маблағҳои ҷудокарда чоп кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.