Сокинони Тоҷикистон аз санҷиши тестии оммавии коронавирус намегузаранд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, сокинони Тоҷикистон аз санҷиши оммавии тестӣ барои муайян кардани коронавирус намегузаранд. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи ин ниҳод дар суҳбат бо “Азия-плюс” гуфт, ки танҳо онҳое аз санҷиши оммавии тестӣ мегузаранд, ки бо шахси сироятёфта тамос дошта бошанд. Ин дар ҳолест, ки АМИТ “Ховар” бо такя ба шабакаи байнидавлатии “МИР” хабар […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, сокинони Тоҷикистон аз санҷиши оммавии тестӣ барои муайян кардани коронавирус намегузаранд. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи ин ниҳод дар суҳбат бо “Азия-плюс” гуфт, ки танҳо онҳое аз санҷиши оммавии тестӣ мегузаранд, ки бо шахси сироятёфта тамос дошта бошанд.

Ин дар ҳолест, ки АМИТ “Ховар” бо такя ба шабакаи байнидавлатии “МИР” хабар додааст, ки сокинони Тоҷикистон аз санҷиши оммавии тестӣ мегузаранд ва ҳамарӯза то ҳудуди 3000 нафар санҷида мешаванд.

“Агар дар донишгоҳе ё кадом як муассисаи дигар маълум шавад, ки нафаре ба коронавирус сироят ёфтааст, пас тамоми кормандони он ба таври ҳатмӣ тест карда мешаванд. Ҳамарӯза дар тамоми ҷумҳурӣ 2500-3000 нафар ба таври ройгон аз санҷиши тестӣ мегузаранд”,-гуфт сухангӯйи вазорат.

Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ ҳоло дар кишвар беш аз 10 озмоишгоҳе қодир ба ташхиси коронавирус ҳастанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.