Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо ҳайати парлумони Ӯзбекистон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати парламентии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар Улуғбек Иноятов дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати парламентии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар Улуғбек Иноятов дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, рушду инкишофи ҳамкориҳо, дар аксар соҳаҳои мавриди назар, бахусус парламентаризм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар бахши парламентаризм бениҳоят фарох буда, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳоро фаро мегирад.

Тазаккур дода шуд, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ҳар ду кишвар ба ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои амалии мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ афзоиш меёбад.

Вобаста ба ин, бояд дар мадди аввал механизми фаъолияти амалии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ роҳандозӣ гардад.

Иштирокдорони мулоқот изҳор доштанд, ки ҷиҳати бо мазмуни нав пурра сохтани ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки талаботи замони муосир мебошад, тамоми  имконият ва захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳанд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.