Даргузашти Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ

Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ субҳи имрӯз бар асари бемории фишорбаландӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора фарзандаш Диловар Шералӣ дар саҳфаи фейсбукияш хабар дод. Диловар Шералӣ навиштааст, ки “Шумтарин хабар! Модар аз олам гузаштанд. Ҷаноза дар мазористони Сарманзили Панҷакент баъди пешин баргузор мегардад. Мо ҳоло аз Душанбе ба самти Панҷакент равона ҳастем”. Диловар Шералӣ субҳи барвақтар навишта буд, […]

Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ субҳи имрӯз бар асари бемории фишорбаландӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора фарзандаш Диловар Шералӣ дар саҳфаи фейсбукияш хабар дод.

Диловар Шералӣ навиштааст, ки “Шумтарин хабар! Модар аз олам гузаштанд. Ҷаноза дар мазористони Сарманзили Панҷакент баъди пешин баргузор мегардад. Мо ҳоло аз Душанбе ба самти Панҷакент равона ҳастем”.

Диловар Шералӣ субҳи барвақтар навишта буд, ки модараш аз фишорбаландӣ азият мекашад ва хоста буд, ки барои саломатии модараш дуо кунанд.

Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ баъди даргузашти шавҳараш яке аз чеҳраҳои хонаводагии Лоиқ буд, ки бо расонаҳо дар бораи шоир зиёд суҳбат мекард. Ӯ дар Душанбе, дар мактаби №54-и ба номи Лоиқ Шералӣ омӯзгор буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.