Тоҷикистону Русия низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки лоиҳаи Созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ маъқул дониста, имзо кунанд. Амри сарвари давлат дар ин хусус 12 сентябри соли равон ба имзо расидааст. Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, қарордод бо мақсади беҳбуди самаранокии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки лоиҳаи Созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ маъқул дониста, имзо кунанд.

Амри сарвари давлат дар ин хусус 12 сентябри соли равон ба имзо расидааст.

Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, қарордод бо мақсади беҳбуди самаранокии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа баста мешавад.

Созишнома қисмате аз низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мешавад.

“Бо назардошти аз якдигар ҷудо будани қаламравҳои Тоҷикистону Русия, ҷонибҳо дар ҳайати минтақа қисмати ҷудогонаи амнияти дастаҷамъиро дар ҳудуди қаламрав ва фазои Тоҷикистон ҷудо мекунанд”, – қайд мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Гуфта мешавад, ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки ҷузъу томҳои низомиро сарфармондеҳи Неруҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия генерал-полковник Сергей Суровикин амалӣ месозад.

Созишнома ба муддати панҷ сол баста мешавад. Минбаъд агар ҳеҷ яке аз тарафҳо дар бораи нияти қатъи амали он ҷониби дигарро огоҳ накунад, амали он ба таври автоматӣ ба панҷ соли оянда дароз мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз ҳудуди ин кишвар – пойгоҳи низомии 201-уммустақар аст. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 имзошуда, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.