Футболбозони навраси тоҷик ҳамсолони ӯзбеки худро мағлуб карданд

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) 21 сентябр дар бозии якуми дӯстона бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон дастболо шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта, тӯби ягонаро дар дақиқаи 38-ум Хусрав Тоиров ба самар расонид. Рӯзи панҷшанбе, 24 сентябр мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бозии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) 21 сентябр дар бозии якуми дӯстона бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон дастболо шуд.

Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта, тӯби ягонаро дар дақиқаи 38-ум Хусрав Тоиров ба самар расонид.

Рӯзи панҷшанбе, 24 сентябр мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бозии дуюми худро баргузор мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар шаҳри Хуҷанд байни мунтахабҳои футболи ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистон (U-19) бозиҳои рафиқона (0:1, 4:1) доир гардида буданд. Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр аз мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.