Норак: Пешниҳоди пора ба кормандони милитсия барои рӯйпӯш кардани алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ

Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ки қаблан бо моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони пешниҳоди пора ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ барои рӯйпӯш сохтани алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур ба кормандони милитсия […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ки қаблан бо моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони пешниҳоди пора ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ барои рӯйпӯш сохтани алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур ба кормандони милитсия маблағи калони пулӣ пешниҳод кардааст.

“Номбурда 27-уми июл дар бӯстонсарои “Сомон-Плаза” дар Норак бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур алоқаи ҷинсӣ намуда, баъдан бо мақсади озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ҳамчун пора 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ пешниҳод мекунад”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон дастгир карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 320 қисми 2, Кодекси ҷиноятии ҶТ (Додани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.