“Fly Union”: ширкати “нав”-и ҳавопаймоии Тоҷикистонро бишносед

Date:

“Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии Fly Union-ро ҷиҳати иҷрои парвозҳо ба чанде аз шаҳрҳои Русия таъин намуд”, – хабар медиҳад Иттиҳоди коршиносони авиатсионии Aviation Explorer бо истинод ба Росавиатсия.

Гуфта мешавад, ин ширкати ҳавопаймоӣ анҷоми парвозҳоро оид ба бору мусофиркашонӣ ва бағочу почта ба баъзе шаҳрҳои Русия ба нақша гирифтааст.

“Ҷониби Тоҷикистон дар бораи таъини корхонаи авиатсионии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Fly Union” ҷиҳати анҷоми парвозҳо  барои бору мусофиркашонӣ ва бағочу почта бо хатсайрҳои Қӯрғонтеппа – Москва – Қӯрғонтеппа, Қӯрғонтеппа – Санкт-Петербург – Қӯрғонтеппа, Қӯрғонтеппа – Екатеринбург – Қӯрғонтеппа хабар дод”, – таъкид месозанд дар Росавиатсия.

Лекин мақомоти авиатсионии Тоҷикистон мегӯянд, чунин ширкати ҳавопаймоиро ба қайд нагирифтаанд, зеро он барои дарёфти иҷозатнома муроҷиат накардааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии Fly Union аллакай сомонаи худро таъсис дода, лекин дар он ба ҷуз Coming soon (Ба наздикӣ мешавад), дигар ҳеҷ маълумоте нест.

Дар портали Planespotters-и Олмон, ки дар бораи ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон маълумот медиҳад, зикр мегардад, ки ширкати тоҷикистонии Fly Union ҳамагӣ 1 ҳавопаймои Boeing 737-ро дар ихтиёр дорад.

Бино ба маълумоти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ ду ширкати ҳавопаймоӣ – ширкати миллии “Тоҷик Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии хусусии “Сомон Эйр” амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...