Зодаи Тоҷикистон комиссари ҳарбии Чувашистон таъин шуд

Зодаи Тоҷикистон полковник Бахтиёр Холиқов рӯзи 23 сентябр комиссари нави ҳарбии Ҷумҳурии Чувашия таъин шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи газетаи “Советская Чувашия”. “Ҳафтаи гузашта дар ҳукумати Чувашия вохӯрии кории роҳбари ҷумҳурӣ Олег Николаев бо комиссари ҳарбии нави Ҷуҳурии Чувашия Бахтиёр Холиқов доир гардид”, – менависад газета. Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории […]

Зодаи Тоҷикистон полковник Бахтиёр Холиқов рӯзи 23 сентябр комиссари нави ҳарбии Ҷумҳурии Чувашия таъин шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи газетаи “Советская Чувашия”.

“Ҳафтаи гузашта дар ҳукумати Чувашия вохӯрии кории роҳбари ҷумҳурӣ Олег Николаев бо комиссари ҳарбии нави Ҷуҳурии Чувашия Бахтиёр Холиқов доир гардид”, – менависад газета.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобила, аз ҷумла масоили омодагӣ ба сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврасро баррасӣ намуданд.

“Комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Чувашия анъанаҳои деринаи хуб дорад, – таъкид доштааст Олег Николаев. – Шумо мероси хуберо қабул мекунед ва дар кори минбаъда ба шумо комёбӣ орзу мекунам”.

Дар навбати худ Бахтиёр Холиқов зикр кардааст, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ роҳандозии фаъолият дар ин самт ҳамаҷониба талош хоҳад варзид.

Бахтиёр Холиқов 25 августи соли 1974 дар деҳаи Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин)-и Тоҷикистон таваллуд шудааст. Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон, филиали Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионӣ ва муҳандисии Воронеж ва Академияи ҳарбии ақибгоҳ ва нақлиётро хатм кардааст. Дар Ҳавзаи Назди Волгаву Урал (то соли 2009) ва Ҳавзаи марказии ҳарбӣ хизмат кардааст.

То замони таъин шудан ба вазифа дар Чувашия ба ҳайси сардори ситод – муовини фармондеҳи бригдаи ҷудогонаи 105-уми Таъминоти моддӣ-техникии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ фаъолият дошт. Бо фармони Вазорати мудофиаи Русия ва додани рутбаи ҳарбии полковник Бахтиёр Холиқов комиссари ҳарбии Ҷумҳурии Чувашия таъин шуд.

Дар амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва Сурия иштирок кардааст. Бо 6 медали Вазорати мудофиаи Русия, медали “Барои хизмати шоиста ба Ватан”, дараҷаи II, ордени Ҷасорат мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.