Ҷаримаи 35-ҳазории се сокини Душанбе барои ташкили пойга ва суръати баланд

Кормандони пулиси пойтахт ду ҷавонро барои ташкили пойгаи шабона дар кӯчаҳои Душанбе боздошт кардаанд.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт, дар асоси навори ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе воридгардида маълум гардид, ки шабона ду нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави тамғаи «Тайота кемрӣ», ва «Мерседес Бенс». пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намудаанд. Ба иттилои […]

Кормандони пулиси пойтахт ду ҷавонро барои ташкили пойгаи шабона дар кӯчаҳои Душанбе боздошт кардаанд.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт, дар асоси навори ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе воридгардида маълум гардид, ки шабона ду нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави тамғаи «Тайота кемрӣ», ва «Мерседес Бенс». пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ,  Ҳабибулло Назарови 26-сола ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота кемрӣ» ва Шуҳратзода Шаҳроми 21-сола ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» боздошт гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, ки инҳо дар шоҳроҳи кӯчаи Неъмат Қарабоеви  пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо садои гӯшхарошу суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор кардаанд

Гуфта мешавад, ки айни замон ҳарду автомашина дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, нисбати ронандагон бо дастрасии моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад.

Тибқи  моддаи мазкур барои кирдори содирнамудаашон ҳар як ронандаро дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем дирӯз   Раёсати ВКД аз ҷаримабандии ҷавондухтаре ки бо  номи Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки нисбаташ шикоят карданд.

Юдинна мошини худ “Ауди А4” дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо суръати 175 километр дар як соат ронда, ҳамчунин ба навор гирифта, дар саҳифаи худ дар Инстаграм паҳн намудааст.  Корбарони ин саҳфаи иҷтимой аз ВКД дархост намуданд, ки нисбати ин духтар чораандешӣ шавад.

Ӯ  аз ҷониби Раёсати ВКД  барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва итоат накардан ба ранги сурхи чароғаки роҳ, муҷрим дониста шудааст, ки эҳтимол дорад аз 300 то 480 сомонӣ ҷарима шавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.