Хатлон: дар як шабонарӯз 8 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд

Дар як шабонарӯзи гузашта дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 8 нафар гирифторони бемории COVID-19 ошкор шудааст. Ҳамчунин 49 нафаре, ки бо ин беморон тамос доштаанд таҳти қарантини 14-рӯза қарор дода шудаанд. Ҷӯрабой Саидов муовини аввали сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ҳангоми хонагардии мутахассисони шабакаҳои кумаки аввалияи тибии шаҳру ноҳияҳо […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар як шабонарӯзи гузашта дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 8 нафар гирифторони бемории COVID-19 ошкор шудааст. Ҳамчунин 49 нафаре, ки бо ин беморон тамос доштаанд таҳти қарантини 14-рӯза қарор дода шудаанд.

Ҷӯрабой Саидов муовини аввали сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ҳангоми хонагардии мутахассисони шабакаҳои кумаки аввалияи тибии шаҳру ноҳияҳо 8 нафар гирифторони COVID-19-ро дарёфт кардаанд.

“Ин 8 нафар вазъи саломатиашон хуб арзёбӣ мешавад ва аз ин хотир онҳо дар хонаҳояшон таҳти назорати табибон қарор дода шудаанд. Ҳамзамон аз тарафи мутахассисони шакабаҳои аввалияи тиббӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилоят 49 нафаре, ки бо ин 8 бемор тамос доштанд, таҳти қарантини 14-рӯза гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ таҳти назорати мутахассисони шабакаҳои кумаки аввалия 57 нафар гирифторони бемории COVID-19” ва илтиҳоби шуш ва бемориҳои мавсимӣ қарор доранд”, – гуфт Ҷурабой Саидов.

Ба қавли муовини сардори Раёсати тандурустӣ айни ҳол дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои вилоят 3 нафар гирифторони COVID-19 ва 20 нафар гирифторони илтиҳоби шуш  бистариянд.

Номбурда илова кард, ки дар як шабонарӯзи охир 10 нафар беморон сиҳат ёфтаанд.

“Агар 10 рӯзи охирро бигирем ҳолати гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 дар қаламрави вилоят ҳудуди 30 фоиз кам шудааст. Дар ҳамин даҳ рӯзи охир дар вилоят ҳамаги як ҳолати фавт аз COVID-19” ба қайд гирифта шудааст, ки он нафар ҳамзамон бемории диабети қанд дошт”,  – изҳор дошт Саидов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.