ВКХ: боз шудани марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз баррасӣ мешавад

Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон ҳанӯз бар сари боз шудани марз бо Узбекистон тасмим нагирифтааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  ба “Азия-Плюс” хабар дод. “Мо ҳамагӣ, дирӯз иттилоияи расмиро аз Узбекситон, ки ҳадаф доранд марзро боз кунанд, дарёфт кардем. Мо мактбуро ба Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус равон кардем. То […]

Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон ҳанӯз бар сари боз шудани марз бо Узбекистон тасмим нагирифтааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Мо ҳамагӣ, дирӯз иттилоияи расмиро аз Узбекситон, ки ҳадаф доранд марзро боз кунанд, дарёфт кардем. Мо мактбуро ба Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус равон кардем. То кунун посухи ситодро нагирифтаем”,-мегӯянд дар ВКХ.

Дар ВКХ мегӯянд, ба далели ҳамагирӣ танҳо Ситоди ҷумҳурявӣ тасмим мегирад ва шароити убуру ворид шудан аз марзро муаяйн мекунад ва ҳамчунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ менамояд.

Узбекистон аз 1 октябр марзҳояшро бо ҳамаи кишварҳо боз кардааст ва онҳоро ба гуруҳҳо тақсим намуд, ки мувофиқи он маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунад.

Дар гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ” иттилоъ доданд, ки дирӯз танҳо шумори хеле кам марзро гузаштаанд.

«Ба Узбекистон ҳамагӣ чанд нафарро ба далели ҳаводисе, ки дар хонаводаашон иттифоқ уфтодааст иҷозаи вуруд додаанд. Ба Тоҷикистон бошад автобуси ҳомили донишҷӯёни узбекистоние, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои мо мехонанд, ворид шуд”,-гуфтанд дар гузаргоҳи марзӣ.

Дар яке аз гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Узбекистон ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки марзҳо бозанд, вале шаҳрвандон танҳо баъди интихоботи президентӣ, ки 11-уми октябр баргузор мешавад, метавонанд марзро убур ё ворид шаванд.

Дирӯз дар гузаргоҳҳои “Пахтаобод” ва “Фотеҳобод” марзбонони тоҷик ба Радиои «Озодӣ» гуфтаанд, ки марзро танҳо шаҳрвандоне убур карда метавонанд, ки бо шаҳрвандони  Узбекистон ақди никоҳ доранд.

Ҳамчунин гуфтаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Узбекистон қарор доранд, метавонанд озодона ба кишвар баргарданд. Ворид шудан ба Тоҷикистон ҳамчунин ба мошинҳои боркаши дорои рақамҳои Русия низ иҷозат аст, агар ронанда шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад.

Бино ба тасмими ҷониби Узбекистон шахсоне, ки ба қаламрави ин кишвар аз Тоҷикистон ворид мешаванд, бар асоси шартҳои “минтақаи сурх” муносибат мешавад. Яъне ба ҳудуди Узбекистон танҳо бо доштани маълумотномаи манфии (ПЦР-тест) гирифтор набудан ба коронавирус, ки дар 72 соати ахир санҷида шудааст, иҷозаи вуруд медиҳанд.

Ҳамчунин дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар озмоишгоҳо насб шудаанд, ки он ҷо мешавад бо пули худ тест супорид, ки натиҷааш дар 10 дақиқа маълум мешавад. Арзиши тест $20 аст. Шахсони, ки гирифторияшон ба вирус маълум мешавад, иҷозаи вурудро надоранд. Онҳое, ки маълумотнома доранд, тест намесупоранд. Кишварҳое, ки барои Узбекистон “минтақаи сурх” дониста мешаванд, агар шаҳрвандонашон аз тариқи гузаргоҳҳои пиёдагузару мошингард ба ин кишвар ворид шаванд 14-рӯз қарантин мешаванд ё дар хонаву меҳмонхона мемонанд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.