Фавзия Кӯфӣ дар рӯйхати номзадҳои эҳтимолии ҷоизаи сулҳи Нобел

Фавзия Кӯфӣ, яке аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонситон, сиёсатмадори бонуфуз ва вакили пешини ин кишвар дар порлумон вориди рӯйхати номзадҳои эҳтимолии ҷоизаи сулҳи Нобел шудааст, хабар медиҳад телевизиони “Тулънеюс”-и Кобул. Фавзия Кӯфӣ ҳоло узви аршади тими музокиротии давлати Афғонистон бо гурӯҳи “Толибон” дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа аст. Ба иттилои ин шабака дар баробари […]

Фавзия Кӯфӣ, яке аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонситон, сиёсатмадори бонуфуз ва вакили пешини ин кишвар дар порлумон вориди рӯйхати номзадҳои эҳтимолии ҷоизаи сулҳи Нобел шудааст, хабар медиҳад телевизиони “Тулънеюс”-и Кобул. Фавзия Кӯфӣ ҳоло узви аршади тими музокиротии давлати Афғонистон бо гурӯҳи “Толибон” дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа аст.

Ба иттилои ин шабака дар баробари номи Фавзия Кӯфӣ дар ин рӯйхат ҳамчунин номе бархе аз чеҳраҳои саршиноси ҷаҳонӣ барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел матраҳ шудаанд.

Шӯрои сулҳи Норвей номи Фавзия Кӯфиро ба унвони яке аз номзадҳои эҳтимоли дарёфткунандаи ҷоизаи сулҳи Нобел матраҳ кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки бону Фавзия Кӯфӣ бо вуҷуди душвориҳои сахт дар Афғонистон ва ҳатто ҳамлаҳои мусаллаҳона талошҳо барои сулҳ ва ҳифзи ҳуқуқи занро идома додааст.

Фавзия Кӯфӣ, ки ҳоло раиси Ҳизби мавҷи таҳаввули Афғонистон аст, яке аз сиёсатмадорони матраҳи ин кишвар аст, ки дар хориҷ аз он ҳам матраҳ аст. Ҷосиндо Ордран сарвазири Зеландияи Нав ва Созмони гузоришгарони бидуни марз ҳам аз номзадҳои эҳтимолии сулҳи Нобели имсол гуфта мешаванд.

Фавзия Кӯфӣ зодаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки 45 сол умр дорад. Ӯро яке аз касоне медонанд, ки дар қабули қонуни манъи хушунат алайҳи зан дар Афғонистон нақши зиёде дорад. Ӯ хатмкардаи риштаи мудирияти бозаргони донишгоҳи Исломободи Покистон ва донишкадаи ҳуқуқи донишгоҳи Кобул аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.