КҲФ Тоҷикистон аз обуҳавои хунуки рӯзҳои наздик огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки давраи рӯзҳои 3 то 7 октябри соли ҷорӣ вақтҳои шабона дар ноҳияҳои кӯҳии кишоварзии ҷумҳурӣ (баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр) дар  қабати хок сармозании бармаҳали тирамоҳӣ то 0-2 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. “Ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани сабзавотҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки давраи рӯзҳои 3 то 7 октябри соли ҷорӣ вақтҳои шабона дар ноҳияҳои кӯҳии кишоварзии ҷумҳурӣ (баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр) дар  қабати хок сармозании бармаҳали тирамоҳӣ то 0-2 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.

“Ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани сабзавотҳои ноғундошта гардида, нигоҳубин ва чаронидани чорворо мушкил мегардонад”, – омадаст дар хабар.

Аз ин рӯ, Кумита тавсия медиҳад, ки барои саривақт ва беталаф ғундоштани ҳосил кӯшиш ба харҷ дода шуда, он бо маводи зарурӣ, аз қабили пленка ё коҳ пӯшонида шавад.

“Ба бахши чорводорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ аз эҳтиёт кор гирифтан зарур аст”, – қайд мекунанд дар КҲФ.

Дар маълумоти Кумита ҳамчунин ба ронандагон аз эҳтимоли хавфу хатар дар роҳҳои мошингард ҳушдор дода мешавад.

Гуфта мешавад, боришот  ва сардӣ ба ҳаракати нақлиёт монеъа эҷод карда, инчунин ба зиёд шудани ҳодисаҳои садамаи нақлиёт боис шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.