100%: иҷрои нақшаи даъвати сарбозон дар се шаҳру ноҳияи Хатлон ва минтақаи Рашт

Се шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъвати сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро комилан иҷро карданд. Шаҳри Норак ва ноҳияҳои Носири Хусраву Шамсиддин Шоҳин аз иҷрои нақшаи худ дар вилоят хабар доданд. Тавре аз ҳукуматҳои шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳину Носири Хусрав хабар доданд, дар маросими гусели навасакарон раисони шаҳру […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Се шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъвати сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро комилан иҷро карданд. Шаҳри Норак ва ноҳияҳои Носири Хусраву Шамсиддин Шоҳин аз иҷрои нақшаи худ дар вилоят хабар доданд.

Тавре аз ҳукуматҳои шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳину Носири Хусрав хабар доданд, дар маросими гусели навасакарон раисони шаҳру ноҳияҳои номбаршуда ба ҷавонон ва волидайни онҳо барои ҳозир шудан ба иҷрои қарзи изҳори сипос карданд.

Дирӯз ҳамчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон аз иҷрои комили нақшаи даъват дар сар то сари вилоят хабар дода буд.  

Иҷрои нақшаи саду се дарсадии ВМКБ  дар ҳоле расонаӣ шуд, ки солҳои гузашта иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар бархе аз ноҳияҳои ин вилоят ва шаҳри Хоруғ аз мушкилоти асосӣ буд.

Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков, имрӯз 241 ҷавони бадахшӣ, тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов ба хидмати Ватан гусел карда шуданд.

Бино ба маълумоти ҳукумати ВМКБ, ҳоло ноҳияи Дарвоз 100%, Мурғоб 112%, Роштқалъа 100%, Рӯшон 100%, Хоруғ 100%, Шуғнон 106%, Ишкошим 110% ва ноҳияи Ванҷ 100%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 103%-ро дар бар гирифтааст.

Ҳамчунин шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва Нуробод ҳам дар рӯзи аввал нақшаи даъватро иҷро кардаанд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.