“Овоза!” Баъди интихобот дар мактабҳо таътил намешавад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи таътили дуҳафтаинаи мактабҳо пас аз интихоботи президентиро рад кард «Ин овозаҳо, ки дар байни сокинони кишвар паҳн шудаанд, беасосанд. Таътили тирамоҳии мактаббачагон тибқи ҷадвали қаблан тасдиқшуда сурат мегирад: аз 1 то 10 ноябр. То ҳол мо дар бораи таътили умумии мактаббачагон ва донишҷӯён ё эълон шудани […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи таътили дуҳафтаинаи мактабҳо пас аз интихоботи президентиро рад кард

«Ин овозаҳо, ки дар байни сокинони кишвар паҳн шудаанд, беасосанд. Таътили тирамоҳии мактаббачагон тибқи ҷадвали қаблан тасдиқшуда сурат мегирад: аз 1 то 10 ноябр. То ҳол мо дар бораи таътили умумии мактаббачагон ва донишҷӯён ё эълон шудани карантин маълумоте надорем», – гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба « Азия-Плюс ».

Дар вазорат таъкид карданд, ки қарор дар бораи таътили мактабҳову донишомӯзони макотибу донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳо ва эълони карантини саросарӣ дар Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди коронавирус қабул карда мешавад, на дар Вазорати маориф.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе корбарон хабар дода буданд, ки дар Тоҷикистон пас аз интихоботи президентӣ ба хонандагон ва донишҷӯён таътили дуҳафтаина дода мешавад. Ба қавли волидон дар ин бора онҳоро дар мактаб огоҳ карданд ва гуфтанд, ки дар ин муддат бинои муассисаҳои таълимиро зиддиуфунӣ мекунанд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.