Сабти ном барои “Green Card” – Амрико оғоз шуд

Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card кушода мешавад, хабар медиҳад сафҳаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар Facebook. Қайд карда мешавад, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар барномаи Diversity Visa 2022 аз 7 октябри соли 2020 оғоз ёфта, то 10 ноябри соли 2020 идома хоҳад ёфт. “Барои […]

Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card кушода мешавад, хабар медиҳад сафҳаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар Facebook.

Қайд карда мешавад, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар барномаи Diversity Visa 2022 аз 7 октябри соли 2020 оғоз ёфта, то 10 ноябри соли 2020 идома хоҳад ёфт.

“Барои шомил шудан ба Барномаи Грин Корт барои соли 2022 сабти ном бояд тавассути www.dvlottery.state.gov амалӣ шавад. Касоне, ки хоҳиши сабти ном доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки сабти номро то ҳафтаи охирон мавқуф нагузоранд, зеро теъдоди зиёди хоҳишмандон боиси аз кор мондани сомона шуда метавонад. Сабти баъди муҳлат, ё тавассути пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои чопӣ қабул карда намешавад”, – гуфта мешавад дар сафҳаи сафорат.

Тибқи қоидаҳои нав аз соли гузашта, ҳангоми пур кардани саволнома дар лотереяи «Green Card», шумо бояд силсилаи шиносномаи хориҷиатонро нишон диҳед. Қоидаҳои нави пур кардани саволномаро дар инҷо пайдо кардан мумкин аст.

Сафорат ҳушдор медиҳад, ки дар сурати пешниҳод накардани ҳама маълумоти зарурӣ ҳангоми сабти ном, аз ҷумла рақами дурусти шиноснома ва аксҳои мувофиқи меъёри ҳама аъзои оила, номзад аз интихобот маҳрум карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки барои ширкат дар лотерея пул ситонида намешавад ва ҳар як иштирокчӣ метавонад мустақилона дар вебсайти https://www.dvlottery.state.gov саволномаро пур кунад.

Сафорат хоҳиш мекунад маълумоти бештарро бо ин нишона пайдо кунед: https://bit.ly/34AMBWF

Департаменти давлатӣ ҳар сол барои шаҳрвандони кишварҳои таърихчаи ками муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаро доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, 50 000 раводиди доимии истиқомат (корти сабз)-ро ба тариқи лотерея пешниҳод мекунад. Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз тамоми ҷаҳон дар ин барнома иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.