Марат Мамадшоев: Қирғизистон дар минтақа давлати ҷудогона аст

Рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, вазъ дар Қирғизистон хеле зуд тағйир меёбад ва пешгӯӣ кардани он хеле душвор аст. Ин коршиноси тоҷик, ки 7 соли ахир дар ин кишвар кору зиндагӣ мекард ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳаводиси сиёсии ин кишвар, ки дар 15 соли ахир борҳо такрор шудаанд ва ба тағйири низомҳо сабаб шуданд, […]

Рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик Марат Мамадшоев мегӯяд, вазъ дар Қирғизистон хеле зуд тағйир меёбад ва пешгӯӣ кардани он хеле душвор аст. Ин коршиноси тоҷик, ки 7 соли ахир дар ин кишвар кору зиндагӣ мекард ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳаводиси сиёсии ин кишвар, ки дар 15 соли ахир борҳо такрор шудаанд ва ба тағйири низомҳо сабаб шуданд, ба кишварҳои минтақа таъсири кам мегузоранд, зеро “Қирғизистон кайҳост, ки дар минтақа кишвари ҷудогона аст”.

“Ду рӯз пеш ман фикр мекардам, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо  бо созиш ба поён мерасанд. Мақомот мегӯянд, ки мо интихоботро дубора баргузор хоҳем кард ё ороро дубора бозшуморӣ хоҳем намуд. Хуб, ҳоло воқеаҳо ба дараҷае аланга мегиранд, ки ҳатто пешгӯӣ кардан душвор аст. Аз ин рӯ, мумкин аст, ки инқилоб ё табаддулоти нав дар Қирғизистон ба вуқӯъ ояд. Ин рӯйдодҳоро танҳо дар сурате метавон инқилоб номид, ки агар тағйироти сифатӣ оварда шавад. Яъне он нафароне, ки бо ҳукумати қаблӣ алоқаманд буданд, бояд ҳамаи онҳо тафтиш шуда, аз мақом ё вазифа озод карда шаванд.  Алалхусус кормандони додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки тавоноии худро аз даст доданд ва он ҷо ислоҳоти решаӣ лозим аст. Ана пас аз ин рӯйдодҳо, мо гуфта метавонем, ки дар Қирғизистон инқилоб буд на табаддулот”, – мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, ин рӯйдодҳо ба кишварҳои дигар таъсири кам доранд, зеро Қирғизистон дар минтақа давлати ҷудогона ҳисобида мешавад.

“Албатта, ин ҳаводис ҳам таъсир мерасонад ва ҳам метарсонад. Аммо дар тӯли 15 сол ин қазияҳо дар Қирғизистон пайваста рух доданд, аммо ин ба дигар кишварҳои минтақа таъсири кам расонид. Таъсири ин рӯйдодҳо ба Тоҷикистон низ хеле заъиф аст. Чун Қирғизистон кайҳост, ки дар минтақа кишвари алоҳида ҳисобида мешавад. Аммо муҳим он аст, ки дар дохили кишвар созмонҳо ва ниҳодҳое вуҷуд доранд, ки ба чунин таҷриба омодаанд, – илова  кард Мамадшоев.

Ман фикр мекунам, ки ин ҳодисаҳо барои мақомот тарсро ба вуҷуд меорад, аммо мардум ҳанӯз ҳам умед доранд, ки чунин режимҳо абадӣ нестанд.

“Дар Қирғизистон ташаббускори чунин тағйирот, умдатан минтақаҳо мебошанд ва ин яке аз услубҳои Қирғизистон аст, аммо инро гуфтан хеле мушкил аст. Ҳатто барои сиёсатшиносони қирғиз дар ин бора гуфтан душвор аст. Фикр мекунам, ки шояд як далели чунин ҳаводис он бошад, ки кишвар хеле  хурд аст ва мардум ҳама якдигарро мешиносанд, яъне ба таъбире  мухолифон ва ҳукумат дар як хона зиндагӣ мекунанд. Онҳо зарфиятҳое надоранд, ки масалан низомиёнро барои чунин амалкардҳои хашин таҳрик диҳанд ва шояд сабаби ин гуна эътирозҳо низ дар ҳамин бошад”, – хулоса кард коршиноси тоҷик.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.