Даргузашти генерал Миллопар Бандишозода муовини пешини Оҷонсии зидди фасод

Генерал Миллопар Бандишозода, муовини Додситони вилояти Хатлон баъди зуҳри имрӯз баъди чанд рӯзи беморӣ, дар беморхона даргузаштааст. Ин иттилоъро як манбаъ аз додситони вилояти Хатлон ба "Азия-Плюс" таъйид кард ва гуфт, ки "мутаассифона генерал баъди чанд вақти беморӣ даргузаштанд". Ба иттилои як манбаъ Миллопар Бандишозода бо бемории илтиҳоби шуш ва аломатҳои бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ будааст.  […]

Генерал Миллопар Бандишозода, муовини Додситони вилояти Хатлон баъди зуҳри имрӯз баъди чанд рӯзи беморӣ, дар беморхона даргузаштааст. Ин иттилоъро як манбаъ аз додситони вилояти Хатлон ба "Азия-Плюс" таъйид кард ва гуфт, ки "мутаассифона генерал баъди чанд вақти беморӣ даргузаштанд".

Ба иттилои як манбаъ Миллопар Бандишозода бо бемории илтиҳоби шуш ва аломатҳои бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ будааст. 

Миллопар Бандишозода, генерали 61-солаи тоҷик дар мансабҳои сардори яке аз шуъбаҳои Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситони кулли Тоҷикистон, муовини аввали директори Оҷонсии зидди фасоди Тоқистон низ кор карда буд.

Бандишозода, замоне ки дар Оҷонсии зиди Фасод дар мақоми муовини аввал кор мекард, яке аз нафарони калиди дар парвандаҳои пурсарусадои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик буд.

Бандишозода Миллопар соли 1959 дар водии Шохдараи ВМКБ таваллуд шуда буд. Ӯ хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ломаносови Маскав  буд. Солҳои 1987-1991 ба сифати муфаттиши калони додситонии ноҳияи Шоҳмансур (он замон Роҳи Оҳан)-и шаҳри Душанбе, 1991-1994 муфаттиши калони парвандаҳои махсусан муҳими Додситорнии кулли Тоҷикистон, 1994-1998 муфаттиши калони парвандаҳои махсусан муҳими Додситони вилояти Суғд, 1998-2002 мувовини додситони шаҳри Конибодом, 2002-2007 додситони шаҳри Конибодом, 2007-2009 сардори Раёсати Оҷонисии зиди фасод дар вилояти Суғд, 2009-20011 муовини сардори Раёсати Оҷонсии зиди фасод дар вилояти Хатлон, 2011-2015 мувоини аввали Директори Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон буд. 

Соли 2004 бо медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ шуда буд. Оиладаор соҳиби 3 фарзанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.