Дар Тоҷикистон боз поинравии ҳарорат пешгӯйӣ мешавад

Date:

Рӯзҳои 9-10 октябр дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обуҳаво дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошиддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон бо гузариш барф ) меборад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст мешавад.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 10-15м/с пешгӯӣ мешавад. Рӯзи 11 октябр дар ағбаҳо туман мефарояд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 11-12 октябр вақтҳои шабона дар ноҳияҳои кӯҳии кишоварзӣ дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр эҳтимолияти сармозании бармаҳали тирамоҳӣ  дар қабати хок то 1-3 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани зироат ва сабзавоти ноғундошта гардида, нигоҳубин ва чаронидани чорворо халалдор месозад”, – огоҳ мекуннд обуҳавошиносон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...