Тоҷикистон дидгоҳашро нисбат ба рушди минбаъдаи СААД баён кард

Дар шаҳри Москва рӯзи 7 октябр ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода дар чорабиниҳои “Рӯзҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)” ба муносибати 18-умин солгарди имзои Оинномаи СААД ширкат варзид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи он чорабиниҳо ифтитоҳи намоишгоҳи муштараки аксҳо таҳти унвони “Дар посдории сулҳ. Кишварҳои узви […]

Дар шаҳри Москва рӯзи 7 октябр ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода дар чорабиниҳои “Рӯзҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)” ба муносибати 18-умин солгарди имзои Оинномаи СААД ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи он чорабиниҳо ифтитоҳи намоишгоҳи муштараки аксҳо таҳти унвони “Дар посдории сулҳ. Кишварҳои узви СААД дар фаолияти байналмилалии сулҳофаринӣ” сурат гирифт ва ҷаласаи мизи мудаввар дар мавзӯи “СААД: самтҳои рушди стратегӣ” бо иштироки муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон баргузор гардид.

Музаффар Ҳусейнзода дар мизи мудаввар суханронӣ намуда, нигоҳи Тоҷикистонро нисбат ба фаолияти минбаъдаи СААД баён намуд. Зарурати тамаркузи таваҷҷуҳ ба чолишу таҳдидҳои муосир, ба мисли терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон, ки ҳамчун мавзӯъҳои доғи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ боқӣ мемонанд, таъкид гардид.

Гуфта мешавад, инчунин ба гузариши раёсат дар СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли равон махсусан ишора шуд.

“Кишвари мо самтҳои авлавиятноки раёсати худро дар СААД тарҳрезӣ намуда истодааст. Авлавиятҳо дар рафти иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мегарданд. Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро баҳри мусоидат ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созмон ва таъмини самарабахшии фаолияти он сафарбар хоҳад кард,” – қайд намуд муовини вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.