O Mobile. “Мардумӣ ва дастрас”. Ширкати нави мобилӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ширкати нави мобилӣ ба фаъолият оғоз мекунад, ки бо усули оператори виртуалии алоқаи мобилӣ кор мекунад. «О Мобайл» чист? “О Мобайл” ширкати алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аст, ки маросими расмии оғози фаъолияти он охири моҳи октябр доир мегардад. Дар сомонаи Omobile.tj гуфта мешавад, O Mobile – ин оператори алоқаи мардумӣ ва дастрас аст. […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ширкати нави мобилӣ ба фаъолият оғоз мекунад, ки бо усули оператори виртуалии алоқаи мобилӣ кор мекунад.

«О Мобайл» чист?

“О Мобайл” ширкати алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аст, ки маросими расмии оғози фаъолияти он охири моҳи октябр доир мегардад. Дар сомонаи Omobile.tj гуфта мешавад, O Mobile – ин оператори алоқаи мардумӣ ва дастрас аст.

Дафтари кории ширкат айни замон дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 55 воқеъ буда, зикр мегардад, ки рӯзҳои наздик дар шаҳрҳои бузург шабакаи марказҳои хизматрасонӣ ифтитоҳ мешавад ва ба шабакаҳои фурӯши чаканаи ширкат дар минтақаҳо тавсеа бахшида мешавад.

Чӣ бартариятҳо дорад?

Ширкат ҷадвали тарифҳои “Офарин”-ро бо нархҳои аз 5 то 15 сомонӣ таҳия намудааст. Хусусияти фарқкунандаи худро ширкат дар арзиши зангҳои овозӣ мебинад: масалан, бо 15 сомонӣ дар як моҳ метавон 250 дақиқа зангҳои овозӣ ва 15 паёмак (смс) дастрас кард. Бо 5 сомонӣ 100 дақиқаи иловагӣ харидан мумкин аст. Зангҳои бе тариф ба дигар ширкатҳо 0.12 сомонӣ нарх дорад.

Барои муқоиса: арзиши ҳамин гуна занг дар дигар ширкатҳо 0,20 сомониро ташкил медиҳад. Зангҳо дар дохили шабака бепул аст.

Бастаҳои интернети ширкати “О Мобайл” бартарият надоранд. Арзиши 1000 МБ интернет 25 сомонӣ аст.

Боз чӣ гуна маълумот дар бораи “О Мобайл” метавон дарёфт намуд, рақам чанд пул меистад ва “О Мобайл” ба кӣ тааллуқ дорад? Маълумоти муфассалро дар ин бора аз шумораи навбатии газетаи “Азия-Плюс” дарёфт карда метавонед, ки аллакай дар фурӯш аст.

Ногуфта намонад, ки акнун газетаи “Азия-Плюс”-ро метавон тариқи онлайн-мағоза ва хадамоти дастраскунии Magnit.tj: (+992) 551 555 551 низ фармоиш дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.