Формулаи овоза чист?

Date:

Дар вақти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, равоншиносони донишгоҳи Гарвард Гордон У. Аллпорт ва Лео Постман дар бораи овозаҳои дар ин давра паҳншуда тадқиқот гузаронданд. Онҳо тавонистанд формулаи математикиеро таҳия кунанд, ки ба муайян кардани шиддати паҳншавии овозаҳо кӯмак мекунад. Онҳо ҳамчунин усулҳои идоракунии овозаҳоро таҳия намуд.

Олимон формуларо бо номи худ "формулаи Олпорт – Постман" номиданд. Формула чунин аст:

i*a = R

Дар куҷо:

i – дараҷаи аҳамияти мавзӯи овоза барои шунаванда ё хонанда;

а – дараҷаи номуайянӣ ё шубҳанокии шунавоӣ;

R – шиддати паҳншавии овоза, давомнокии мавҷудияти он ва дараҷаи эътимод ба овоза.

Дар формулаи Оллпорт-Постман, ҳарду дараҷа – аҳамият ва номуайянӣ – аз 0 то 10 арзиш доранд. Аз ин рӯ, арзиши максималии R 100 (сатҳи баландтарини паҳншавии овоза) мебошад.

Лайфхак

Аз ин ҷо метавон роҳи ҳалли ҷолиби мушкилоти паҳн кардани овозаҳоро пайдо кард. Агар яке аз параметрҳои дар формула нишондодашуда ба сифр баробар шавад, овоза гум мешавад.

Агар шумо хоҳед, ки овозаҳоро "бикушед", пас ба шумо лозим аст:

  • аҳамияти онҳоро барои шунаванда кам кунед
  • муқобили он иттилооти мушаххас ва возеҳро гузоред то сатҳи номуайянӣ, ки ба овозаҳо хосанд ва барои паҳншавии босуръати онҳо мусоидат мекунанд, паст шаванд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...